Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Аскар Мамин

№84 (4034) 13.07.2019

48257261722_1bcf87ab76_o11 июли соли 2019 дар ­Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз дидору вохӯрии судманд бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев дар ҳошияи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҳар як мулоқоту вохӯрии сатҳи олӣ ва баланд ба рушди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат мусоидат менамояд.

Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пазироии гарму самимии ҳайати расмии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, натиҷаҳои сафарашро ба Тоҷикис­тон бобарор арзёбӣ кард.

Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Қазоқистон дар муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мавқеи шоиста дошта, рушду густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо ин давлат дар авлавияти сиёсати хориҷии роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот муҳимияти истифодаи пурраи имконоту захираҳои мавҷударо, аз ҷумла дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти давлатҳо, таҳкими фаъолияти Шӯрои корӣ ва истифодаи самараноки майдони музокироту вохӯриҳои дуҷонибаро дар ҳама сатҳу зина барои амалисозии нақшаҳо баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон омода аст ба сармоягузорони ҷониби Қазоқистон лоиҳаҳои ояндадорро, аз ҷумла, дар соҳаҳои агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, коркарду истихроҷи маъдан ва нақлиёту коммуникатсия, пешниҳод намояд.

Доир ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи имтиёзноки роҳҳои оҳану мошингард ва баҳрии Қазоқистон барои баромадан ба кишвари сеюм, интиқоли молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳар ду ҷониб барои рушди бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

www.president.tj