Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чэн Гопин

№135 (3615) 01.11.2016

DSC_6075 - копияНимаи дуюми 29 октябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид  ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши амният, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии ду кишвар, ки соли 2017 аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, баҳои арзанда дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъа­навию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба манфиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Масъалаи таъмини амният ва вазъи муътадил дар минтақа барои амалишавии барномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳад, ҳамчун омили муҳим маънидод карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин пурзӯр кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

www.president.tj