Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дэвид Кэмерон

№51 (4791) 24.04.2024

53670806580_e6b297ae1b_o22-юми апрели соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

«Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Кишвари мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳии Британияи Кабир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд», — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ҳар ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима карданд.

Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ низ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

Ҷалби сармояи подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрок­ворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди «энергияи сабз», гузариш ба «иқтисоди сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди «иқтисоди рақамӣ» изҳори назар карданд.

Роҳандозии ҳамкориҳои кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ, гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буда, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Подшоҳии Британияи Кабир дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардиданд.

www.prezident.tj