Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Десмонд Свейн

№22 (3502) 17.02.2016

DSC_5309Ҳабдаҳуми феврали соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу вадати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ шуд.

- Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост, — таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳо табодули андеша карда, барномаи соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди деҳот, бахши хусусӣ, диверсификатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави кориро афзалиятнок донистанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои парлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстии миёни мақомоти қонунгузории ҳар ду кишвар, ташкили  барномаҳои омӯзиши теъдоди муайяни ҷойҳои таълимии яксола дар донишгоҳҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир ва рушди ҳамкории фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA — 1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари ИМА барои ин ҳадаф арзи сипос намуд.

Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар мулоқот, инчунин вобаста ба таъсири буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб муфид гуфтугӯйи судманд  доир гардид.

www.president.tj