17 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5 -умин Бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқоти дуҷониба намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов барои даъвати иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тамоми мардуми туркманро ба ин рӯйдодҳои муҳими варзишӣ табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ин гуна чорабинии муҳташами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст баргузор мегардад ва умед аст, ки он ба рушди соҳаи варзиш ва оммавияти бештари он дар минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
Муколамаҳои пайвастаи ду кишвар дар сатҳи олӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Туркманистон муҳим арзёбӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ин самт кишварҳо имконоти зиёд доранд, ёдовар шуда, баргузории комиссияҳои байниҳукуматиро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳатҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишварро соҳаҳои энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва туризм дар бар мегирад.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Туркманистон имрӯз имконот ва лоиҳаҳои зиёдеро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика доро мебошанд.
Дар ҳамин замина аз сохтмони хатти лӯлаи гази Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Хитой ва лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқро мавриди баррасӣ қарор доданд.
www.president.tj