Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷин Личун

№100 (4050) 20.08.2019

48573073221_3c8d64a889_o 19 августи соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре таъкид гардид, наздик ба панҷ сол аст, ки Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумор дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм мегузорад ва барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.

Доир ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва бонки мазкур дар самти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи 1» фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби бонк дар оянда низ дастгирӣ ва сармоягузорӣ мегарданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика ва экология таҳия ва амалӣ мегарданд, табодули афкор намуданд.

 www.president.tj