Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни ҷаласаҳои СААД ва СҲШ

№116 (4378) 16.09.2021

15 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Козак­ро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот дар бораи маҷмӯи васеи масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Россия гуфтугӯ сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масоили нишастҳои СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ ба ҳама ҷанбаи мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла, дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон ҳам аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо буд. Дар ин зимн роҷеъ ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳи гуногун, ҳамчунин, таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шуд.

15 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар он масоили густариши робитаҳои шарикию стратегии ҳар ду кишвар ва мавзӯи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз сатҳи рушдёбандаи муносибатҳои Тоҷикис­тону Қазоқистон дар ҳама ҷанба, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тав­сеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Хусусан, барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии нав­батии машваратӣ соли 2022 дар кишвари мо, ба мувофиқа расиданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили амнияти минтақавӣ — вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин, ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми он кишвар низ, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи кишвари ҳамсоя таъкид намуданд.

15 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар рафти он масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мардуми Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо табодули андеша карда, барои тавсеаи муносибатҳо фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро зарур шумурданд.

16 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Иро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар чаҳорчӯби муносиботи шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Хитой ба иқтисодиёти Тоҷикистонро, баррасӣ карданд.

Аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо сарҳади дарозтарин, забон ва таърихи муштарак бо Афғонис­тон, нисбат ба сарнавишти он кишвар бетараф буда наметавонад. Инчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон хостори барқарории сулҳу суботи пойдор дар кишвари ҳамсоя мебошад.

16 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, суҳбат оростанд.

Дар ҷараёни он ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Арманис­тонро хайра мақдам гуфта, робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пай дар пайи муносибатҳои ҳар ду кишвар номиданд.

Ҷонибҳо дар бораи масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг низ гуфтугӯ карданд.

Барои мусоидат ба рушду пешрафти робитаҳои ҳамкории дуҷониба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар ин замина баргузор намудани форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шуд.

16 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар он масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расиданд, баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбе­кистонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва ­густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба маҳсуб ёфта, сарони давлатҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форуми байниминтақавии сармоягузориро дар Тоҷикистон махсус қайд карданд.

Зимни таҳлили масъалаҳои амнияти минтақавӣ вазъи мураккаби сиёсию низомии кишвари ҳамсояи Афғонистон низ баррасӣ шуд.

16 сентябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ ва низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Ҳиндустон ва эътимоди мутақобили ҳар ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона низ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар чорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доир ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад.

www.president.tj