22 октябри соли 2020 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус, дар соҳаи амниятӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин робита ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор ва раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор баррасӣ намуданд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вазъи сиёсии Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.
Ҷонибҳо, инчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози андеша карда, алоқамандиро ба таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла, терроризм, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.
www.president.tj