29 апрели соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки ба ҳамкории байни кишварҳо дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва пайванди муҳими талошҳои муштарак барои расидан ба ҳадафҳо фаъолияти пурсамари котибони шӯроҳои амният мебошад.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар доираи СААД, ки ҷониби Тоҷикистон соли равон раёсати онро ба уҳда дорад, ишора карданд. Дар ин зимн, вазъияти феълии давлати Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор дошт.
Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, буҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардида, фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои СААД, ҳамоҳангсозии амалҳои хадамоти махсус, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, зарур шумурда шуд.
Дар хотима Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои он барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта пурсамар хоҳад буд.
www.president.tj