Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ

№107 (4369) 26.08.2021

51401492283_33484e9e68_o25 августи соли 2021 дар ­Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, инчунин, рафти омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покис­тон Имрон Хон ба Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Ҳоло яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз қаламрави он дар остонаи фоҷиаи гуманитарӣ қарор дорад. Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон аст.

Бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки «Толибон» аз ваъдаҳои қаблӣ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.

Зимнан, Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, қатъиян маҳкум менамояд.

Таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо ­дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад.

Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳар чӣ тезтар Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳама ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Баъдан, сохтори давлатӣ дар мамлакати ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон, бахусус ҳама ақаллияти миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳар чӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро андешад.

Беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти ҳозираи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳар чӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя аст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои муфид ба ҷониби Покистон расонид.

www.president.tj