7 декабри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ ал — Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он — Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металлургияи ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саҳмгузорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок аз самтҳои судманди ҳамкории ҳар ду кишвар номида шуд.
Саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.
Ҷиҳати рушду густариши ҳамкориҳо дастгирии баргузории форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
www.president.tj