30 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.
Раванди ҳамкории байни кишварҳо, бахусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, воситаҳои ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин, вазъи ҳозираи Афғонистони ҳамсоя дар мулоқоти ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистон на танҳо аз назари ҷуғрофӣ, балки аз дидгоҳи муштаракоти арзишӣ низ ҳамеша дар паҳлуи мардуми Афғонистон қарор хоҳанд дошт. Мо аз иқдомҳои ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди мамлакат пуштибонӣ хоҳем кард.
Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳо дар самтҳои барои кишварҳо афзалиятноку судманди соҳаҳои энергетика ва зерсохтор, ташкили долонҳои нави нақлиётӣ байни кишварҳо ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои зикршуда табодули андеша карданд.
Вобаста ба идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ҳар ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистанд. Таъкид гардид, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводи мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд.
www.president.tj