Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа

№111 (3412) 19.08.2015

11890403_882637251806462_6184466333444546916_o18 августи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Николай Бордюжа ба муҳтаво ва ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои умедбахш хоҳад овард.

Гуфтугӯйи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расонидани кумаки фаврӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои тарҳрезишудаи муштараки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа нақши муассиру судбахш хоҳад гузошт.

www.president.tj