21 августи соли 2019 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақли транзитию нақлиётӣ, ҳамчунин, таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ манфиатдор аст.
Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои рушди туризми минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот дар Ҷумҳурии Афғонистон, рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
www.president.tj