Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

40228766090_2892eab6d5_o11 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел мулоқот анҷом доданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгаройӣ, тундгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Пешвои миллат аҳамияти Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез», ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, махсус таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин вазъи нигаронкунандаи Афғонистонро баррасӣ намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини ҳар чӣ зудтари амнияти онро қайд карданд.

www.president.tj