Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Петер Сийярто

№77 (3714) 30.06.2017

35546346486_65f8550a40_o (2)28 июни соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфтанд.

 Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикис­тон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Венгрия мақоми муҳим доранд.

Вохӯрии онрӯза имконияти мусоид барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Венгрия арзёбӣ гардид.

Аз сатҳи робитаҳои сиёсии Тоҷикис­тон ва Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳар ду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг, дар оянда таҳким бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба роҳ мондани робитаи мустақими соҳибкорону тоҷирон, таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металл, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро муҳим шумориданд.

Ба нақш ва пешоҳангии Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои обӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дода шуд ва таҳкими робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Венгрия дар доираи узвияти ҳар ду давлат дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид.

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

www.president.tj