Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пиетро Салини

№92 (3886) 31.07.2018

42826370465_03db07be9f_o30 июли соли 2018 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни як сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои дар фасли тирамоҳ ба истифода додани навбати аввали агрегати неругоҳ бояд тамоми кор сари вақт ва босифат иҷро гардад.

Сипас, роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.

Изҳори итминон карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ширкати «Салини Импреҷило» барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

www.president.tj