Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Питер Буриан

№8 (3645) 26.01.2017

32499755215_9e28b33d25_o24 январи соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, ҳар ду ҷониб аз тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дӯстона бо Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд ба харҷ дода, дар ин замина аз имконоти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, муколамаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамдастӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, кумитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ самаранок истифода менамояд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, «Барномаи индикативии бисёрсола барои давраи то соли 2020» ва «Стратегияи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон» табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсирибуҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ҳамчунин, барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз рӯи фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд.

Масоили марбут ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои мавриди баррасӣ буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба раванди мубориза бар зидди хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат менамоянд.

 www.president.tj