Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пол Росс

№3 (3640) 12.01.2017

32223929525_a455ecf449_o10 январи соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо, инчунин ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, аз қабили шиддатгирии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии Буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.

Густариш ва рушди бемайлони ҳамкориҳо дар оянда барои ҳар ду ҷониб судбахшу боровар арзёбӣ гардида, ба сатҳи шарикии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар 23 соли охир баҳои баланд дода шуд.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушду ­тавсиаи бештари ҳамкориҳо таъкид карда, вохӯрии онрӯзаро иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти густурдаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор арзёбӣ намуданд.

 www.president.tj