Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Шойгу

№62 (4012) 30.05.2019

47949090558_2a2e2b8886_o28 майи соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, мавзӯъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаи таъмини амният, муҳокима карда шуд.

www.president.tj