Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сирил Мюллер

№№6(3643) 21.01.2017

31569995503_c05584d725_o18 январи соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Дар 23 соли шарикӣ Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дастгирии Буҷети давлатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок ҳамкории манфиатбор ба роҳ монда, дар ин муддат қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникии зиёд пешниҳод намудааст. Аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки дар айни замон лоиҳаҳои фаъоли бонк ба маблағи зиёда  аз 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.

Ҷонибҳо доир ба татбиқи босамари Стратегияи панҷсолаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки пеш аз ҳама, самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавиро дар бар мегирад, табодули афкор карда, тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилмус­таҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистонро низ дар доираи ин стратегия муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкориҳо дар татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» ва дарёфти маб­лағҳои иловагӣ дар татбиқи лои­ҳаи мазкур, ҳамчунин, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегия­ҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 www.president.tj