Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Станислав Зас

№89 (4351) 03.07.2021

51282572078_f64c80d95e_oЯкуми июли соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот самтҳо афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои ҳозираи СААД ва баъзе аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи афзалиятҳои дар доираи СААД эълоншуда, вазифаҳои раёсатро пайваста иҷро карда истодааст. Зикр шуд, ки то ҳол дар Тоҷикистон ҷаласаҳои кумитаи котибони шӯроҳои амният, шӯроҳои вазирони дифоъ ва вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардида, корҳои омодагӣ ба баргузории иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ идома дорад.

Аз фаъолияти Котиботи СААД ҷиҳати мусоидат дар омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои бобарор дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар вохӯрӣ, инчунин, дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД, ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

www.president.tj