18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистонро зарур шумурданд.
Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ низ баррасӣ гардид.