Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Стефано Мансервис

№82 (3719) 15.07.2017

35490073450_d5793e263f_oДувоздаҳуми июли соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Воситаи муҳими беҳбудбахши ҳамшарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ», хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ, арзёбӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ фаъолияти воситаҳои муҳими тақвиятбахши ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи муваффақонаи «Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020», ки ҷудо гардидани 251 миллион евроро ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ — тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот пешбинӣ менамояд, махсус зикр гардид.

Аз баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани «Барномаи рушд барои давраи то соли 2020» ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030», ки барои расидан ба ҳадафҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, вазъи сиёсию низомӣ дар Афғонистон, тақвияти ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.

www.president.tj