19 майи соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, қайд карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои он ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.
Таъкид гардид, ки фаъолияти СААД дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди он то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои СААД оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар низ баррасӣ гардиданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ комёбӣ орзу карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои он барои расидан
ба ҳадафҳои дарпешистода пурсамар хоҳад буд.