12 октябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.
Қабл аз ҳама, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаҳои бобарор орзу намуданд.
Сарвари давлат аз натиҷаи кори 25 — солаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории ҳарбӣ равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки тайи ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Дар мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои «Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ» махсус таъкид гардид.
Ҳамзамон, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
www.president.tj