Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вячеслав Володин

№126 (4076) 22.10.2019

48922287876_08e309ff5e_o19 октябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла, дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо муносибатҳои пурмуҳтавои байнипарлумониро дар доираи шарикии стратегӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда ба густариши маҷмӯи ҳамкориҳо гуногунсамтаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд ва доир ба татбиқи саривақтии созишномаҳои қаблан баимзорасида, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, фарҳанг, низомиву техникӣ ва муҳоҷират табодули афкори судманд анҷом доданд.

Ҳамзамон, масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, вазъи сиёсии Афғонистон ва дарёфти роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мавзӯъҳои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму тундгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва хатари таҳмили ақидаҳои ифротӣ бар ҷомеа низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Ба масъалаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маориф диққати махсус зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат аҳамияти фаъолияти муваффақонаи шуъбаҳои муассисаҳои таълимии пешбари Россия — Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва (МИСиС), Донишкадаи энергетикӣ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро дар кишвар ба таври хоса таъкид карданд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат таваҷҷуҳи Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россияро ба зарурати тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб намуданд.

www.president.tj