29 ноябри соли 2016 дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд карданд, ки иқдоми навбатӣ оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав – «Об — барои рушди устувор» ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт ва изҳори боварӣ намуданд, ки Маҷористон дар рӯҳияи анъанаҳои неки ҳамёрӣ ва чун узви фаъоли Панели сатҳи баланд оид ба об аз ин ташаббус ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Дар мулоқот масоили рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ баррасӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар 7 санади ҳамкорӣ асос ёфтааст ва ҳаҷми гардиши мол низ байни ду давлат тамоюли болоравӣ дорад. Аз идомаи судбахш ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилоту созмонҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла бо роҳи иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди зерсохтори энергетикии аҳамияти минтақавию байналмилалидошта табодули назар карда, дар ин самт таъсиси сохтори муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Маҷористонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷмӯъ, аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, ҷалби доираи соҳибкорону тоҷирони Маҷористон дар татбиқи лоиҳаҳои коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот, истихроҷи маъдану сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва саноати кимиёи Тоҷикистон шуданд.
Ҳамчунин, рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои муосиру сармояи хориҷӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки сармоягузорону тоҷирони Маҷористон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард.
Ҷиҳати рушди ҳамкории судманд дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин масоили ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияту суботи минтақа бо дарназардошти вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо камоли ризоят пазируфта шуд.
www.president.tj