Мулоқоти Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷанг Сангмин

№64 (4647) 15.05.2023

DSC_188515 майи соли равон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея баҳои баланд медиҳад. Вусъат додани муносибатҳо бо Корея самти муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад.

Дар рафти мулоқот муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ, баррасӣ шуда, ба нақши Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун майдони муҳими ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

www.president.tj