19 июни соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд дар давоми 20 соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ин давра аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонки Осиёгии Рушд ба асоситарин шарики мамлакат дар ҷодаи рушд табдил ёфтааст.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушдро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятнок дар ҳамгироиҳои минбаъда арзёбӣ намуда, истифодаи пурраи имкониятҳои истифоданашударо барои беҳбудии равобити дуҷониба муҳим шумориданд.
Дастгирии лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётии барои рушди тиҷорати минтақавӣ аҳамиятдошта, аз ҷумла таҷдиди марҳилаи аввали қитъаи роҳи Оби Гарм – Роғун — Нурободи шоҳроҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-сарҳади Қирғизистон (Ваҳдат-Қарамиқ), лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки дар таҳкими иқтидори истеҳсолию интиқоли неруи барқ, ки дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоии минтақа нақши калон доранд, ҷалби маблағҳои иловагӣ баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба суботи молиявӣ ва мувозинати буҷет, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ниёз дорад, аз самтҳои нав ва барои ҳар ду ҷониб манфиатбори ҳамкориҳо маънидод гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳо муваффақият ба даст хоҳад омад.
www.president.tj