Мулоқоти Пешвои миллат бо Чжан Мин

№62 (4482) 24.05.2022

52093760834_b6e163ab54_o23 майи соли 2022 дар Маҷмаи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва рафти иҷрои нақшаҳои дар ин ҷода пешбинишуда дар дои­раи СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмони ҳамкории Шанхай дар 20 сол, ҳамкории кишварҳои аъзо, натиҷаи ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, ба Чжан Мин, Дабири навтаъини СҲШ, дар фаъолияти хизматиаш барору комёбӣ орзу намуданд.

Ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша карда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро мавриди таҳлил қарор доданд.

Ба Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи амалӣ оид ба рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории пандемия дар минтақаи СҲШ, машварати вазирони саноат ва вазирони энергетика, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Инчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқот ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

www.president.tj