Мулоқоти Пешвои миллат бо Имангалӣ Тасмагамбетов

№ 13.03.2023

52744387594_450c8c26a2_o13-уми марти соли 2023 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъин шудан самимона табрик гуфта, ба ӯ дар корҳояш комёбӣ орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва низомию иқтисодӣ махсус таъкид карданд.

Ҳамчунин, аҳамияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъкид гардид.

Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ҷиҳати мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.

Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

www.president.tj