Мулоқоти Пешвои миллат бо иштирокчиёни Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

№124 (3761) 19.10.2017

23877336808_ae926e9144_o16 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон чанд нафар аз иштирокдоронро ба ҳузур пазируфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансури мулоқот намуданд.

Амороти Муттаҳидаи Араб шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиё ва соли 2017 ҳамчун соли рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб арзёбӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Аморот барои дастгирӣ ва кумакҳои беғаразона ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуданд ва ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид доштанд.

Доир ба фаъолсозии нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Аморот, ҳамчунин ифтитоҳи намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Ҳавасмандии ҷонибҳо, ҳамчунин, ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, боркашонӣ – логистикӣ ва сайёҳию инфрасохтори он таъкид гардид.

Дар мулоқот мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо низ баррасӣ шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконият доранд ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва маориф ба роҳ монда, нақши Комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро дар татбиқи ин ҳадафҳо фаъолтар гардонанд.

Ба фаъолияти Маркази Шоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи фаъолияти ин марказ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои муҳими роҳу нақлиёт, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон, таҷдиди Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ боз ҳам тақвият дода мешаванд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ, хусусан тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосирро баррасӣ намуданд.

Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибути ­Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо кишварҳои қитъаи Африка дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин бобат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои комили дуҷониба бо кишварҳои ин минтақа таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байнидавлатӣ ва тамос­ҳои корӣ байни мақомоти амниятии ду давлат фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии ­худро ба татбиқи иқдомҳое, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълону татбиқи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои рушди устувор» ва бо роҳи осоиштаю мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон равона шудаанд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот, инчунин, масъалаҳои фарогири таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аср мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва вазири давлатӣ оид ба ­масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хосаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ ва изҳори умед намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.

Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи баланд расонидани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар ҳама соҳа, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истих­роҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароити созгор муҳайё мебошад.

Табодули мунтазами боздид ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи баланду олӣ омили муҳими таҳкимбахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикис­тону Кувайт арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон, ҳамчунин, доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила, таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра, табодули афкор намуданд.

Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи Африкаро самти дорои дурнамои нек барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ карданд ва омодагии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои он, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания, изҳор доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ­масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо ва тарҳрезӣ намудани рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.

Зимни баррасии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он, ҷонибдории иқдомҳои ҳамдигар, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза равона шудаанд, махсус таъкид карда шуд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Мавритания дар қатори дигар кишварҳо ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро дар хусуси қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» фаъолона пуштибонӣ намудааст.

Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои муҳими барои рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз самтҳои судовари ҳамкорӣ маънидод карданд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои аз ин ҳам манфиатовар ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна таъсис додани Фонди рушди қатарӣ дар Тоҷикистон ва ташкили ширкати муштараки машваратии инвеститсионӣ зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ, роҳандозии хатсайри ҳавоии ­мустақим байни Душанбеву Давҳа ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз самтҳои дигару муҳими ҳамкории оянда маънидод гардид.

Дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаҳои вобаста ба ­густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Судон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

- Барпо намудани робитаҳои мустаҳками дуҷониба бо кишварҳои арабии қитъаи Африқо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад, — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки мо омодаем ҳамкориро бо Ҷумҳурии Судон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба сатҳи сифатан нав барорем.

Ҷонибҳо баҳри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ омодагии худро иброз доштанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дарёфти роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои кишварҳои ҷангзадаи олам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

www.president.tj