15 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла баргузор гардид.
Зимни он масъалаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус ҳамкориҳои низомиву амниятӣ, баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мубодилаи афкор намуданд.
www.president.tj