29 марти соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳанг, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Эрон нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ҳар ду кишвар муҳим хоҳад буд.
Сохтмони нақби «Истиқлол» яке аз намунаҳои мусбати ҳамкории байни кишварҳо арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи Қарордод «Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол» корҳо дар самти такмили сохтмони он то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.
Дар робита ба равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геостратегӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва вазъи Афғонистон, роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурда шуд.