6 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссер мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудааст, баланд арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи силсилаи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Зимни суҳбат идомаи раванди маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон ва таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба ҳамкории муштарак дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз бӯҳрони пандемия ва дигар омилҳои беруна ба иқтисоди кишвари мо табодули афкор анҷом доданд.
Маблағгузорӣ барои рушди инфрасохтор, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз имкониятҳои дигари таҳкими робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.
www.prezident.tj