26 октябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт ва муассисаҳои хайриявии ин кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Давлати Кувайтро амри зарурӣ маънидод карда, иброз доштанд, ки ҷалби сармояи ҷониби Кувайт баҳри татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия фоидаовар мебошанд.
Таъкид гардид, ки имкон аст тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ тарҳу лоиҳаҳои судовар дар соҳаҳои иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли оби баландсифату хуштаъми Тоҷикистон низ амалӣ карда шаванд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва инфрасохтори зарурии сайёҳӣ дар минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд намуданд.
Дар мулоқот вобаста ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ва коҳиш додани таъсири буҳронҳои молиявию иқтисодӣ изҳори андеша шуд.
Дар охир, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим таъкид намуданд.
www.president.tj