Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндаи махсуси ШМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон

№61 (4323) 06.05.2021

51158260554_2dd6905bdf_o4 майи соли 2021 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

Дар он ҷанбаҳои гуногуни вазъи ҳозира дар Афғонистон, бахусус, раванди барқарории сулҳу субот дар кишвар, ҳамчунин, масъалаҳои муб­рами минтақавию глобалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонис­тони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

- Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, — гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегирад, истиқбол менамояд.

Ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдид­ҳои муосир, аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъкид намуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфият ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳм гузорад.

www.president.tj