Мулоқоти Пешвои миллат бо раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линде

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

51116637522_b165e074dd_o15 апрели соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикис­тону Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин, робитаҳо дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

Ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим зарур шумурданд.

Ҳамчунин, вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикис­тон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти созмон — сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ баррасӣ гардид.

Вобаста ба паёмадҳои коронавирус пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ САҲА барномаҳои марбутаро ба коҳиш додани пайомадҳои вируси нави сироятӣ равона сохта, кумакҳои амалӣ ва техникиро дар ин самт зиёд гардонад.

Зимни мулоқот ба ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм ва маблағгузории онҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия талошҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар доираи созмон, ҳамчунин, нақши пешсафии кишварро дар пешбурди масъалаҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, гуфт, ки аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2025-ро ҳамчун «Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардан ҷонибдорӣ мекунад.

www.president.tj