Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар

№13(3650) 08.02.2017

32376506870_4afa9b4d63_oШашуми феврали соли 2017 дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфи мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дош­танд, ки ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои худ бо Давлати Қатар дар ҳама сатҳу зинаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари нек дошта, ҳамкории судманди байнипарламентиро василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ меҳисобад. Барои фаъол гардонидани кори Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатар ҳавасмандӣ зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки бо ин васила парламентҳо метавонанд дар беҳтар намудани сатҳи муносибатҳои дуҷониба нақши муассиру самарабахш гузоранд. Дар мулоқот муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикис­тону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузори рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар таъмини амнияту суботи кишварҳои минтақа ва мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд.

www.president.tj