Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте

№ 08.11.2022

52484744514_3fba94cc5a_o7 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Сарвазири Подшоҳии Нидерланд муҳтарам Марк Рутте мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот дурнамои робитаҳои ду кишвар дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Подшоҳии Нидерланд, ки моҳи июли соли 2022 аз барқароршавии он 30 сол пур шуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар давраи кунунӣ имкониятҳои зиёд ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, молия, сайёҳӣ, ҳамчунин, иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус маориф вуҷуд доранд.

Зимни мулоқот оид ба истифодаи зарфиятҳои сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Нидерланд, инчунин таҷрибаи ғании ширкатҳои он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, туризм, фанновариҳо ва технологияҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Подшоҳии Нидерланд Марк Рутте даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ҷонибҳо ҳамкории судмандро дар татбиқи рӯзномаи СММ оид ба масъалаҳои об, ки дар он Тоҷикистон ташаббускори асосӣ шуморида мешавад, махсусан қайд намуда, омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҳамраисӣ намудани Конфронси СММ оид ба татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор – 2018-2028”-ро моҳи марти 2023, изҳор намуданд.