Мулоқоти Пешвои миллат бо Соҳиба Ғафорова

№114 (4534) 12.09.2022

52352238029_6491541bc5_o12 сентябри соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғафороваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ба рушди пай дар пай ҳамкории байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳем.

Аз анъанаҳои неки дӯстию ҳамкории халқҳо, муколамаи сиёсии эътимодбахши байни кишварҳо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ва олӣ, робитаҳои байнипарламентӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик ва расондани кумаки моддӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемия, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаи фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули «Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Атрофи масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард, ҳамкории ширкатҳои «Талко»- и Тоҷикистон ва «Азералюминий»-и Озарбойҷон низ табодули афкор сурат гирифт.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқарор кардани парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Боку ва рушди туризм зарур шуморида шуд.

Зимни баррасии ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, ба масъалаи дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикис­тон оид ба об дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонии Тоҷикис­тон аз авлавиятҳои раёсати Озарбойҷон дар «Ҳаракати адами тааҳҳуд», дар бораи таъсиси Гурӯҳи тамос оид ба мубориза бо коронавирус ва дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳоди ташаббус оид ба баррасии дархости Озарбойҷон ҷиҳати дарёфти мақоми нозир дар ин созмон, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.

www.president.tj