Мулоқоти Пешвои миллат бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун»

№86 (4506) 15.07.2022

13 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо сохтмончиёни он ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти охирин бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки беш аз якуним сол сипарӣ гаштааст, ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки корҳои дар ин муддат ба анҷомрасида, аз ҷумла дар лотҳои 1,2,3,4, обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохт­монии қабатҳои 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд ва шахтаи ҳаводиҳанда қонеъкунанда буда, собитгари матонату диловарии ҳар як сохтмончӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт — соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.

Ҳар сол дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар боиси афзоиши талаботи солона ба неруи барқ дар ҳаҷми ду — дуюним фоиз мегардад.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, аз ибтидои соли 2022 панҷсолаи саноатикунонии босуръати мамлакат шурӯъ гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ пурра таъмин намудани соҳаҳои саноат, алалхусус саноати маъдан, металлургия, кимиё ва саноати сабук, бо неруи барқ ҳатмӣ мебошад.

Бинобар ин, аз ҷониби Сарвари давлат тезонидани ҷараёни корҳо дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пеш аз муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани марҳилаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ зарур шуморида шуд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохт­мону васлгарии Неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008 — 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст ва барои идомаи сохт­мони неругоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар робита ба кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид гардид, ки дар марҳилаҳои якум ва дуюм, дар маҷмӯъ, 2726 оила бо шумораи 12 540 нафар аҳолӣ кӯчонида шудааст ва ҳоло дар манзилҳои нави доимӣ истиқомат дошта, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар инфрасохтор таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, барои аҳолии кӯчонидашуда дар солҳои 2011 — 2021 — ум 9 мактаб барои беш аз 7000 ҷойи нишаст, 7 бунгоҳи тиббӣ бо 175 кат, 38 километр хатти оби нӯшокӣ, 103 километр хатти интиқоли барқ, 109 километр роҳу роҳрав, боғи фарҳангу фароғат, варзишгоҳ бо 5000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ба маблағи умумии 718 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вобаста ба истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ, бо дарназардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим, изҳори андеша карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашумин мамлакати пешсафи сайёра мебошад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳоро ба он равона сохтааст, ки дар вазъияти тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он истеҳсоли «энергияи ­сабз»-ро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва ­Осиёи Ҷанубӣ истифода намояд»,- изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва як маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст.

Дар ин давра барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз рушди босуботи соҳа изҳор доштанд, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли неруи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад.

Баъди таҳлили пурраи ҷараёни корҳо дар иншооти бузурги гидро­энергетикии мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тат­биқи саривақтиву ҳамаҷонибаи вазифаҳои дарпешистода ва дар муҳлати таъиншуда анҷом додани корҳои сохт­мони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти неругоҳ ва ширкатҳои сохт­мониро вазифадор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар моҳи декабри соли 2024 ба истифода додани агрегати чоруми неругоҳ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон намояндаи фармоишгар — консортсиуми «Трактебел ва электроконсулт», менеҷери лоиҳа Крис­тоф До, роҳбари минтақавии ширкати «Вибилд» Армандо Тамаи, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Иқбол Сафаров, директори заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов, корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» Зубайдулло Зайдов, директори мудирияти минтақаи зериобшаванда Манучеҳр Ҷалилзода, раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, экспертизаи давлатии лоиҳаҳо ва назорати сифати сохтмон, иҷрои корҳо дар лотҳои 1, 2, 3 ва 4, сохтмони сарбанд, ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар масъалаҳои вобаста ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳисобот доданд. Ҳамчунин, як нафар сохтмончӣ оид ба аҳамияти бунёди ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат андеша баён дошт.

Дар гузориши директори Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода  таъкид гардид,  ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат рӯҳияи бунёдкорӣ дар иншоот созандаву умедбахш аст.

Гузориши Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода фарогири  ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёни неругоҳ аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми бузург мегузорад.

Зимнан, ҳар як нафар, ки дар ин иншооти аср соф­дилонаю содиқона заҳмат мекашад, номаш дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад ва мардуми шарифи тоҷик натиҷаи фаъолияти содиқонаи сарсупурдагони Ватанро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.

www.president.tj