28 июни соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирон натиҷаҳои бобарор орзу карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ муҳокима шуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи олам бояд сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзо дар доираи ҳамкории дастаҷамъона барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд ва бар зидди онҳо муқовимати шадиду оштинопазир нишон диҳанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар доираи ИДМ қабулгардида, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ, табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин сохторҳо барои таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар мулоқот, дигар масъалаҳои судманди ҳамкорӣ низ баррасӣ гардиданд.