27 июли соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Хитойро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди мусбати рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкорӣ дар соҳаҳои мудофиа ва амниятро самти муҳими муносибатҳои ҳар ду кишвари ҳамсоя номиданд. Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятӣ ва дигар таҳдидҳо, самти мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи амният мебошад.
Дар ин зимн, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими робитаҳоро дар соҳаи амният баррасӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикии самарабахши ҳар ду кишвар дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба изҳори назар карданд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ба вазъи кунунии низомиву сиёсии Афғонистон ва дурнамои рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин зимн, Сарвари давлат дар бораи рушди хатарзои вазъ дар ин кишвари ҳамсоя, аз ҷумла, дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, андешаронӣ карда, вазири мудофиаи кишвари дӯсти Хитойро дар бораи чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар маҷмӯъ иқтидори мудофиавии он андешидашаванда дар ҷараён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки якбора бад шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон боис ба афзоиши шиддат мегардад ва ин ҳолат ба таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита ҳамкории зичу ҳамгироии хадамоти дахлдор ва сохторҳои махсуси ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.
www.president.tj