11 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки муносибат бо кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо Молдова, барои Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад ва байни ду кишвар имкониятҳои васеи истифоданашуда барои таҳкиму густариши робитаҳо мавҷуд аст.
Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Зикр шуд, ки айни ҳол дар баррасии ҳукуматҳо 7 санади байниҳукуматӣ қарор дорад ва ҷонибҳо хостори тезонидани раванди имзои онҳо шуданд.
Татбиқи саривақтии «Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар то соли 2021» ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фарҳанг барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, масъалаи таҳкими робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, байторӣ, чорводорӣ, растанипарварӣ, занбӯрпарварӣ, содироти хушкмева ва асал, ҳамчун самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
11 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот карданд, ки дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадовро барои раисии муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик карданд.
Сипас, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмӣ — техникиро барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба, муҳим арзёбӣ шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманди саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризм радду бадал гардиданд.
Инчунин, ба Вазорати корҳои хориҷии ҳар ду кишвар супориш дода шуд, ки ҷиҳати баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ машварати сиёсӣ доир намоянд.
Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ҳар ду кишвар андешидани чораҳои мушаххасро зарур шуморида, оид ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ низ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳо ҳамкории зичи сохторҳои низомӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.
Дар охир сарони давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади таъмиқи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ бо сафари расмӣ ба давлатҳои якдигар ташриф оранд.
11 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар он ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди шарикии стратегӣ ва дурнамои ҳамкории судманди кишварҳоро баррасӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушнудӣ аз имкони дидору мулоқот таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва баррасии робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки бояд анъанаҳои нек ҳифз гарданд, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самт мебошанд.
Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар кишварҳо, робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тавсеаи бахши тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлат баррасӣ гардиданд.
Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки арбобони фарҳангу санъати ҳар ду кишвар аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими мулоқот буд.
11 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Дар он ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзӯъҳои робитаҳои ҳар ду кишвар баррасӣ гардид.
Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чӣ зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад».
Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқот барои ҳалли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ҷиҳати пешбурди музокирот дар мавриди муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки лоиҳаи мувофиқашудаи байнидавлатии «Созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон» ба имзо расонда шавад ва бо ин роҳ имкон аст заминаҳои ҳуқуқии натиҷаи фаъолияти чандинсолаи комиссияи муштарак мустаҳкам гардад.
Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
www.president.tj