Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго

№74 (4814) 12.06.2024

53780786967_29587f464a_o10 июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налумангоро ба ҳузур пазируфтанд.

“Ҷумҳурии Замбия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар соҳаи об, яъне эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”-ро дар Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ намуд. Мо аз ин иқдоми кишвари шумо сипосгузорем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои имрӯзаи сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Замбия ва ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он,  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Барои рушди муносибатҳои дуҷониба мувофиқи мақсад дониста шуд, ки масъалаҳои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, роҳандозии робитаҳои Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ба баррасӣ гирифта шаванд.

Рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба амри муҳим дониста шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва табодули таҷриба дар ин соҳаҳо, инчунин, роҳандозии равобити фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, истифодаи зарфиятҳои фаровони сайёҳии Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро муҳокима намуданд.