Ал-Ҷассер дар ҳузури Пешвои миллат

№73 (4813) 10.06.2024

53781379341_262c57dd1f_o

10-уми июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.

- Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби бонк 237 миллион доллар ба 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ҷонибҳо зимни суҳбат густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро муҳокима карданд.

Дар робита ба ин, Сарвари давлати мо ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори сипос намуданд.

Дар мулоқот, инчунин, алоқамандии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ва Барномаи «Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф» таъкид гардид. Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз», рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани «технологияҳои сабз» дар соҳаҳои гуногуни иқтисод зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

www.prezident.tj