26 августи соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳидро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот, ки маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муассири Созмони Милали Муттаҳидро дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот, таъкид намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаи татбиқи «Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030», Ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи феълии сайёраро баррасӣ карданд.
Бо таъкиди алоқамандӣ ба идомаи ҳамкории судманду гуногунарса бо СММ Сарвари давлат аз истифодаи минбари он барои муаррифии ташаббусҳои созанда ва ҳадафҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Саҳми хосаи Тоҷикистон дар пешбурди барномаҳои СММ ва татбиқи онҳо таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъсиси Гурӯҳи ҷаҳонии вокуниш ба буҳрони ғизоӣ, энергетикӣ ва молиявии Созмони Милали Муттаҳид, баргузории «Саммит оид ба дигаргунсозии маориф», «Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ», «Саммити ояндаи мо» ва пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, ба масъалаи мушкилоти тағйирёбии иқлим, офатҳои табиии марбут ба об, гармшавии ҳаво ва обшавии пиряхҳо, ки ҳар сол зарарҳои моливу моддии зиёд ба бор меоранд, таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», таъсис додани «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва эълони «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ба миён гузошта шуд.
Ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои СММ-ро зарур донистанд.
Зимни баррасии вазъи Афғонистони ҳамсоя ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми он кишвар зарур шумурда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон омодагиро ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои логистикиаш барои расонидани чунин кумак ба мардуми Афғонистон таъкид намуд.
www.president.tj