Мулоқоти Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ван Сяохун

№43 (4783) 07.04.2024

53633110869_1444251c16_oПанҷуми апрели соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шурои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ҳар ду кишвар ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд.

Масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буданд.

Зарур шуморида шуд, ки сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар, бо дарназардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот, ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои амалии худро тақвият бахшанд.

Дар идомаи суҳбат вазъи ҷории Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.

www.prezident.tj